

ПАЁМИ НЕК
Рӯзи 13ноябр омӯзгори кафедраи Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии низомҳои энергетикии Донишкада Рафизода Саидбег Сами рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи “Таҳқиқи хосиятҳои гармофизикӣ, термодинамикӣ ва реологии гармибарандаҳои нанохокаи гидразин воридкардашуда” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.2.Астрофизика,физика,электроника,фотоника, таҷҳизотсозӣ ва алоқа (2.2.32. Физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо )дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-125назди Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо сарбаландӣ ҳимоя намуд.Устод Рафизода Саидбег Самиро бо ин мувафаққият табрику таҳният гуфта барояш баҳри фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илм барору комёбиҳо таманно менамоем.
Аз Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва матбуотии ДЭТ

