Маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон»

Асосӣ

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон – тибқи Низомнома ва Оиннома, маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» фаъолият менамояд.

  Маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» аз бахши «силсилаи тадқиқотҳои муҳандисӣ, инноватсионӣ ва сармоягузорӣ» иборат мебошад. Ба маҷалла рақами силсилавии байналмилалии стандартӣ (ISSN 3078 – 6630) дода шудааст.

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори Донишкада аз 12 апрели соли 2022, № 30-3/2, таъсис дода шуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №446/МҶ-97 аз 22 декабри соли 2025) ба қайд гирифта шудааст.

Равияҳои илмии маҷалаи «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бахши “Силсилаи таҳқиқотҳои муҳандисӣ, инноватсионӣ ва сармоягузорӣ”:

  • 2.1 – Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ
  • 2. – Астрофизика, физика, электроника, фотоника, таҷҳизотсозӣ ва алоқа
  • 3. – Энергетика ва электротехника
  • 5. – Технологияи химиявӣ (масолеҳҳо ва металлургия)
  • 2. – Иқтисодиёт

      Мақолаҳо бо се забон қабул карда мешаванд:

  • Тоҷикӣ;
  • Русӣ;
  • Англисӣ.

       Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛАҲО БА МАҶАЛЛАИ “ПАЁМИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН “

  1. Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
  2. Мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
  3. Мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
  4. Мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад.
  5. Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  6. Матни мақола бояд дар шакли IMRAD бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.

Ба мақола замима карда мешавад:

  1. Мактуб (барои кормандони беруна)
  2. Аризаи муаллифӣ
  3. Шартномаи литсензионӣ
  4. Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола
  5. Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
  6. Хулосаи антиплагиат

Суроға ва макони ҷойгиршавии маҷалла:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ноҳияи Кӯшониён, кӯчаи Носири Хусрав 73, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Тел.: +992 906-55-22-26
E-mail: science.tpei@mail.ru

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори Донишкада аз 12 апрели соли 2022, № 30-3/2, таъсис дода шуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №446/МҶ-97 аз 22 декабри соли 2025) ба қайд гирифта шудааст

Scroll to Top