
Дар форуми энергетикии кишвари Русия миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфаи Федератсияи Русия (минбаъд ДДНТУ) шартномаи нави ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.
Дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳамкориҳои байни ин ду муассисаи таълимоти оли касбӣ ба сатҳу сифати нав бароварда мешавад.
Ёдрас мегардем ки , муассисаҳои мазкур солиёни зиёдест ДДНТУ бо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намудааст. Оғоз аз соли 2021 инҷониб дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи нафту техникии Уфа зиёда аз 37 нафар донишҷӯёни Донишкадаи мо дар формати лоиҳаи 1 +3 соҳибмаълумот гардидаанд. Зиёда аз 80 нафар омӯзгорони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ҳамкори бо ДДНТУ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Як қатор донишҷӯёни дигар дар ҷараёни лоиҳаи табодули донишҷӯй дар ДДНТУ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон то ду семестрӣ таълими муштарак гирифтаанд.
Бо назардошти ҳамаи ин қарордоди нав оид ба идома додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои мазкур ба имзо расонида шуд.
Олимони муассисаҳои мазкур дар болои лоиҳаҳои муштарак дар самти энергетика пуамаҳсул заҳмат мекашанд.
Акнун дар бораи васеъ намудани кор дар самти барномаҳои шабакавии таълимӣ, таҳияи вариянтҳои роҳандозии барномаҳои дипломҳои дуҷониба эътирофшаванда ва инчунин лоиҳаҳои нави ҳамкории илмӣ имконият фароҳам мегардад.
-Ректори ДДНТУ Олег Баулин иброз намуд, ки мо дер боз бо ДЭТ ҳамкориҳои судманд дорем. Мо лоиҳаи нақшаи панҷсолаи пешинро бомувафаққият ба итмом расонидем, имрӯз бошад мо дар асоси таҷрибаи пешинамон нақшаи нав тарҳрезӣ намудаем.
Хеле хушоянд ҳам ҳаст вақте ки аз ҷониби роҳбарияти ДЭТ мешунавем, ки чунин намуди фаъолияти ҳамкорӣ нафъӣ зиёд ба бор меорад, аз ин рӯ ДДНТУ тайёр аст аз рӯи таҷрибаи андухтаи худ дар тамоми самтҳо бо ДЭТ ҳамкориро идома диҳад. Бо дарназардошти он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон энергетикаи алтернативӣ рушд намуда истодааст барои мо хеле муҳим аст, лоиҳаҳои худро таҳия намуда дар корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон истифода барем.
-Барои мо ҳамкориҳо чи дар самти илмӣ ва чи дар самти такмили ихтисос бо ДДНТУ ба нафъи кор мебошад, зеро муассисаи мазкур дорои базаи боэътимоди мутахассисони соҳаи энергетика мебошад. Барои ҳамин мо ҷонибдори онем, ки чунин имкониятро баҳри роҳандозӣ ва таҳияи барномаҳо ҳам барои донишҷӯён ва ҳам аспирантон истифода барем, иброз намуд ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон муҳтарам Исозода Диловаршоҳ Тариқ.
Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва матбуотии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.

