Маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон»

Таърихи таъсиси нашрияи илмӣ

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» нашрияи илмии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон буда, ҳамчун сохтори таркибии Донишкада, бо мақсади татбиқи амалии барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ва муаррифии дастовардҳои илмии донишҷӯён, омузгорон, муҳаққиқон, аспирантон, докторантон, кормандони соҳаи илм ва маориф, муассисаҳои илмию таълимӣ,  ва намояндагони табақаҳои дигари ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати коркард ва нашри мақолаҳои илмӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори Донишкада аз 12 апрели соли 2022, № 30-3/2, таъсис дода шуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №446/МЉ-97 аз 22 декабри соли 2025) ба қайд гирифта шудааст. Маљаллаи мазкур аз бахши силсилаи тадқиқотҳои муҳандисӣ, инноватсионӣ ва сармоягузорӣ иборат буда, дар он натиљаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо забонҳои тољикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонида мешаванд. Ба маҷалла рақами силсилавии байналмилалии стандартӣ (ISSN 3078 – 6630) дода шудааст.  Бо мақсади ворид намудани маҷала ба системаи ШИИР (Russian Science Citation Index) бо китобхони илмии электронии  eLIBRARY.RU таҳти № 76-04/2025 шартнома  аз 10.04.2025с ба имзо расонида шудааст ва маълумот оид ба мақолаҳои илмии дар маҷалла нашршуда мунтазам ба ин китобхони илмии электронӣ ворид карда мешавад. Маљаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» нашрияи байнисоҳавӣ маҳсуб ёфта, бо даврияти дар як сол чаҳор шумора ба нашр мерасад.

Суроға ва макони ҷойгиршавии маҷалла:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ноҳияи Кӯшониён, кӯчаи Носири Хусрав 73, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Тел.: +992 906-55-22-26
E-mail: science.tpei@mail.ru

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори Донишкада аз 12 апрели соли 2022, № 30-3/2, таъсис дода шуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №446/МҶ-97 аз 22 декабри соли 2025) ба қайд гирифта шудааст

Scroll to Top