
Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон рӯзи 21-май дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Шарифзода Идибек, раиси Бахши кор бо кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Комилов Фирдавс иштирок намуданд. Дар оғоз ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ ба сухан баромада меҳмононро хайра мақдам гуфта, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта қайд намуданд, ки ҷавонони Тоҷикитстон қувваи пешбарандаи ҷамъият ва неруи ояндасози миллат буда нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва кафили ояндаи дурахшони кишвар мебошанд.Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд:”Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида , ба Ватан , муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд.Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои гузаштаи халқамон-яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузоранд”.
Ҷаҳони пуртаззоду ноороми замони муосир ҷавонони кишварро водор менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои тундраву ифротӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд қайд намуд ректори Донишкада.
Сипас намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Шарифзода Идибек баромад намуда иброз доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тавассути барномаҳои давлатӣ ва ташаббусҳои созанда шароити мусоид фароҳам оварда , онҳоро ба илму касбомӯзӣ, варзиш ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ роҳнамоӣ мекунад.Имрӯзҳо ҳазорон нафар ҷавонони мамлакат дар муассисаҳои оливу касбии дохилу хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд,ки дар оянда ҳамчун нерӯи созанда дар рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нақши муассир хоҳанд гузошт.
Сипас аз ҷониби Раёсати Донишкада ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон як гурӯҳ омӯзгорони ҷавону донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир ҳаваскорони дастаи “Нурафшон”-и Донишкада ва саъаткорони қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо суруду таронаҳо дар васфи Ватан, ҷавонӣ Сулҳу Ваҳдат хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН


