
Мехоҳӣ таҷрибаи воқеии корӣ ба даст орӣ, ба иншоотҳои обаъминкунӣ сафар намоӣ, бо мутахассисони соҳа шинос шавӣ ва қадами аввалини касбии худро дар соҳаи оби Тоҷикистон гузорӣ?Пас ин имконият маҳз барои туст!Дар доираи Лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон Тоҷикистон» (WSIP-1) қабули донишҷӯён, хатмкунандагон ва мутахассисони ҷавон ба барномаи таҷрибаомӯзии пардохтшаванда дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ эълон карда мешавад.💧 Дар рафти таҷрибаомӯзӣ ту метавонӣ:• таҷрибаи амалии нодир дар ташкилотҳои соҳавӣ ба даст оварӣ;• дар сафарҳои корӣ ва фаъолиятҳои воқеии соҳа иштирок намоӣ;• бо фаъолияти низоми обтаъминкунӣ ва корезӣ аз наздик шинос шавӣ;• малакаи касбии худро васеъ намоӣ;• пас аз анҷоми барнома сертификати расмӣ ба даст оварӣ.• бо Стипендияи хуб қадрдонӣ карда шави!🎓 Кӣ метавонад иштирок намояд:• донишҷӯёни курсҳои 3–4;• магистрантҳо;• хатмкунандагони донишгоҳҳо (то 3 соли баъди хатм);• мутахассисони ҷавони аз 20 то 35 сола.📚 Самтҳои иштирок:обтаъминкунӣ ва корезӣ, муҳандисӣ, сохтмон, гидротехника, экология, энергетика, IT, идоракунӣ ва дигар ихтисосҳои марбут.✨ Иштироки духтарон ва занони ҷавон махсусан дастгирӣ карда мешавад!📍 Макон: шаҳри Душанбе + сафарҳои эҳтимолӣ ба минтақаҳо🕒 Давомнокӣ: 30–45 рӯз🗣 Забон: тоҷикӣ / русӣ📌 Шакл: ҳузурӣ / омехта📩 Тарзи пешниҳоди дархост:Шакли бақайдгириро пур намуда, мактуби ҳавасмандиро замима намоед. (CV/резюме ихтиёрӣ)📅 Мӯҳлати охирини қабул: 01.06.2026🔗 Бақайдгирӣ: https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLScyhE8Z0Ixg4S9r4TfiSmK6yIeFmcEIt5HB5e5U-xajCew4ow/viewform?usp=header📧 Маълумоти иловагӣ: its.nargizzzz@gmail.com