
Сармутахассиси шуъбаи Маркази равобити хориҷии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Акрам Муҳибулло, ки рисолаи илмияшро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), аз рӯи ихтисоси 6D060600- Химия (6D060601 -Химияи ғайриорганикӣ) дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-042 назди Институти химияи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, билогӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар мавзуи “Бор ва алюмосиликатии Тоҷикистон бо усули хлоронидан” ҳимоя намуда буд, аз ҷониби Муассисаи давлатии Комиссия Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 147/gu аз 04. 05 .2026 тасдиқ гардида Исозода Акрам Муҳибулло ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060600-химия (6D060601)- химияи ғайриорганикӣ сазовор дониста шуд.
Исозода Акрам Муҳибуллоро бо ин мувафаққият табрику муборакбод намуда барояш баҳри фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илм барору комёбиҳоро таманно менамоем.