
Сухани ифтитоҳии Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Исозода Д.Т. дар конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи ”Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳақиқон” бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.
Ҳамкорони муҳтарам, Хонумҳо ва ҷанобон, меҳмонони арҷманд ва иштирокчиёни конференсия!
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии касбии нисбатан нав ва зодаи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Донишкада 20 сол пеш, яъне 3-майи 2006 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсис ёфтааст.
Таъсиси Донишкада тақозои замон буда, барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи энергетика ва рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад. Дар ин давраи фаъолият дар Донишкада зиёда аз панҷ ҳазор мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаи энергетикаи кишвар, инчунин баъзе давлатҳои хориҷӣ омода намуда, заминаи муосири моддию техникӣ барои раванди таълим ва таҳқиқоти илмӣ таъсис дода шудааст.
Дар Донишкада ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмӣ ва њамкорӣ бо муассисаҳои дигари илмӣ, доир ба тайёр намудани мутахасиссони баландихтисоси илмӣ, корҳои муайян амалӣ мегарданд. Тибқи анъана ҳамасола дар заминаи илмию техникии Донишкдаи мо конференсияҳои илмию амалӣ гузаронида мешавад, ки дар доираи барномаҳои он олимон, муҳаққиқон, аспирантону докторантон ва онҳое, ки ба дастовардҳои илму техника дар замони муосир манфиатдоранд, иштирок мекунанд. Воридоти 82 мақолаҳои илмӣ ба ин конференсия шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар самти равобити илмию таҷрибавии худ бо донишгоҳу донишкадаҳои дигар, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо 40 муасиссисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла муасисаи олии касбии Федератсияи Россия, Чин, Юнон, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ҳамкориҳои босамару судмандро ба роҳ мондааст.
Имрӯз зиёда аз 36%-и омӯзгорони Донишкада соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ буда, аксари онҳо ҳамчун узви ҷамъиятҳои байналмилалӣ эътироф шудаанд.
Донишкада энергетикии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи илмию таълимӣ ба монанди Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ ва Ассотсиатсияи энергетикҳои ҷаҳон буда, имконият фароҳам овардааст, ки омӯзгорон ва донишҷӯён аз дастовардҳои бузурги илмию таълимии ин созмонҳо истифода баранд.
Инчунин соли 2024, бо қарори Коммиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D071801 – Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ ва ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисоси 2.3.4. – Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои муҳаққиқони соҳаи энергетикаи кишвар, ҷиҳати сазовор гардидан ба унвонҳои илмӣ, имконияти васеъро фароҳам меоварад.
Ба иштирокчиён барои таваҷҷӯҳ ва иштироки фаъолона, ташкилкунандагон ва сарпароастонва ҳамаи онҳое, ки дар омодасозии ин конференсия саҳм гузоштанад изҳори сипос намуда, ба конференсия кори пурмаҳсул, мубоҳисаҳои созанда, тамосҳои нави касбӣ ва дастовардҳоро таманно дорам.
Дари Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкориҳо ба рӯи шумо боз аст.