АЗ НИШОНДИҲАНДАҲО ТО ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Дар соли таҳсили 2025-2026  Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро  347 нафар мутахассисони ҷавон хатм кардаанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони рӯзона, 67 нафар баъд аз химояи рисолаи хатм ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ Тариқ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ дао соли хониши 2025-2026 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро 16 нафар бо дипломи аъло хатм карданд. Мавриди зикр аст,ки  имрӯз ҳайати кормандони кафедраҳо 86 нафарро ташкил дода,  бо чалби мутахассисони варзидаи соҳа хамчун ҳамкорони беруна, ин нишондиҳанда ба 97 нафар мерасад.

Аз шумораи умумии омӯзгорону устодони Донишкада. 1 нафар доктори илм, 1 нафар доктори фалсафа (PhD), 28 нафар номзади илм, 4 нафар дотсент мебошанд. Нишондиҳандаи  унвондорӣ 39,5%-и ҳайати умумии омӯзгоронро ташкил медихад. Синну соли миёнаи устодони соҳибунвон 44,1 сол буда, 8 нафари онҳо олимони ҷавони то 35-сола мебошанд.

Зимни суолу ҷавоб бо намояндагони ВАО ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  изҳор дошт,ки дар соли ҷорӣ 27 нафар дар зинаи магистратура, аз ҷумла,  13 нафар дар соли аввали таҳсил ва   14 нафар дар бахши дуввум таҳсил доранд.

 Ҳаминчунин, дар зинаи докторантура (PhD): 6 нафар (2 нафар дар дохили Донишкада ва 4 нафар дар дигар муассисаҳои олии чумҳурӣ таҳсил доранд. Дар зинаи аспирантура: бошад 2 нафар корманди ҷавон дар муассисаҳои хориҷи кишвар таҳсил доранд. Шумораи умумии унвонҷӯён бошад ба 16 нафар, аз ин 13 нафар барои рисолаи номзадӣ ва 3 нафар барои унвони доктори илм корҳои илмӣ тадқиқотиро идома дода истодаанд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

Scroll to Top