Маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон»

ҚОИДАҲО БАРОИ МУАЛЛИФОНИ

маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон»-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад;

б) мақола бояд натиҷаи тадқиқоти илмӣ бошад;

в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.

г) мақола бояд дар дигар маҷаллаҳо чоп нашуда бошад ва барои чоп равона нашуда бошад.

Мақолаҳо бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гуна мақолаҳо дар маҷалла ба чоп роҳ дода намешаванд.

Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:

Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн андозаи ҳарфҳо 12, фосилаи байни сатрҳо 1,0 см, сархати матн 1,25 см навишта мешаванд. Андозаи  ҳошияҳо: аз боло, аз поён, аз чап ва рости саҳифа бояд 2,0 см бошад.

Формулаҳо, аломатҳо ва нишонаҳои ҳарфҳои бузургиҳо бояд дар муҳаррири формулаи Microsoft Equation ва ё Math Type (ҳуруфи 12) ҳуруфчинӣ карда шаванд. Танҳо он формулаҳое, ки ба он истинод оварда шудаанд, рақамгузорӣ карда мешаванд.  Нақшаҳо, графикҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд ва инчунин, онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.

Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо набояд аз 15 саҳифаи чопӣ зиёд бошад.

Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:

  • Индекси УДК барои мақола (дар самти чапи саҳифа аз боло);
  • Номи мақола (дар мобайн бо ҳарфҳои калони серранг);
  • Насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Қаҳоров Р.А., дар мобайн бо ҳарфҳои серранг);
  • Номи муассисае, ки дар он муаллиф (он) кору фаъолият менамояд (дар мобайн бо ҳарфҳои серранг);
  • Анотатсия ва калидвожаҳо;
  • номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия набояд камтар аз 100-200 калима буда ва калидвожаҳо дар ҳаҷми аз 5 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад ва дар аввали мақола оварда шаванд;
  • Матни асосии мақола;
  • Рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 номгӯй ва на бештар аз 20 номгӯйи адабиёти илмӣ ванашри онҳо аз соли 2010 баъдтар бошад). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.
  • Дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишғолнамуда, телефон, e-mail.

Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [] нишон дода шавад.

Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола, пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха бо имзои муаллифон дар ҳаммаи саҳифаҳо ҳатмӣ мебошад.

Мақолаҳое, ки аз ҷониби муқарризон ба чоп тавсия намешаванд, на дар маҷалла нашр мегарданд ва на ба муаллифон баргардонда мешаванд.

Эътимоднокии маводҳо ба зиммаи муаллиф (муаллифон) гузошта мешавад.

 

Ба мақолаҳои аз тарафи муалифон пешниҳодшуда ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

  1. Мактуб (барои кормандони беруна)
  2. Аризаи муаллифӣ
  3. Шартномаи литсензионӣ
  4. Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод нашр намудани мақола
  5. Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
  6. Хулосаи антиплагиат

Аз муаллифон хоҳиш карда мешавад, ки шакли ниҳоии мақолаҳояшонро танҳо ба воситаи почтаи электронӣ фиристанд!!!

E-mail: science.tpei@mail.ru, science.tpei@gmail.com

Суроға ва макони ҷойгиршавии маҷалла:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ноҳияи Кӯшониён, кӯчаи Носири Хусрав 73, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Тел.: +992 906-55-22-26
E-mail: science.tpei@mail.ru

Маҷалаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори Донишкада аз 12 апрели соли 2022, № 30-3/2, таъсис дода шуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №446/МҶ-97 аз 22 декабри соли 2025) ба қайд гирифта шудааст

Scroll to Top