
Олими ҷавон ва муваффақи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Махсумов Илҳом Бурҳонович дар конференсияи байналмилалии илмӣ-техникӣ таҳти унвони «Пром-Инженеринг», ки аз 17 то 23 май дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Конференсияи мазкур тавонист олимон ва муҳаққиқони кишварҳои Шарқи Наздик, Шарқи Дур ва минтақаи Осиёи Марказиро ба ҳам муттаҳид созад.
Дар доираи сексияи 3.3, ки ба масъалаҳои энергетикаи барқароршаванда бахшида шуда буд, Махсумов Илҳом Бурҳонович бо маърӯзаи илмии худ таҳти унвони «Integration of Solar Power Plants into the Power Systems of Central Asia» баромад намуд. Дар маърӯза масъалаҳои ҳамгироии нерӯгоҳҳои офтобӣ ба низомҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дурнамо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба кори конференсия зиёда аз 355 мақолаи илмӣ пешниҳод гардида буд, ки самтҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, маводшиносӣ, энергетика ва электротехника, системаҳои идоракунӣ ва автоматикунонии равандҳои технологӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирифтанд.
Ба технологияҳои муҳандисӣ, системаҳои интеллектуалии таъмини барқ, энергетикаи барқароршаванда, электроникаи қудратӣ ва амсиласозии технологияҳои рақамии саноатӣ диққати махсус дода шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки раванди баргузории конференсия дар сатҳи ниҳоят баланд ташкил ва баргузор гардид. Ҳамчунин, маводҳои конференсия дар маҷаллаҳо ва пойгоҳҳои бонуфузи тақризшавандаи байналмилалӣ, аз ҷумла «Scopus», «Springer» ва «IEEE Xplore» ба табъ мерасанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

