
Рӯзи 12 май дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и назди вазорати Рушди иқтисод баргузор гардид. Дар вохӯрӣ иштирок доштанд: Сорбони Саидҷалол-сардори Раёсати ихтироот ва намунаҳои саноатӣ,
Шарипов Соатулло- сармутахассиси Раёсати ихтироот ва намунаҳои саноатӣ,
Сафаралиев Ҳусен-ходими калони илмии Раёсати иттилоотӣ илмӣ техникӣ ва патент.
Дар доираи вохӯрӣ иштирокдорон доир ба моликияти зеҳнӣ, санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, меъёрҳои патентпазирии ихтироъ, роҳҳои ба даст овардани патент ва ихтироот маълумот гирифтанд. Намояндагони “Маркази миллии патенту иттилоот” ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавоб гардониданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ДЭТ

