БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ  III-И БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ДАР МАВЗӮИ “САНОАТКУНОНИИ РАҚАМӢ  ВА РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА АЗ НИГОҲИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН”

Рӯзи  30-апрели   соли 2026.дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи илм  дар мавзуи “Саноаткунонии рақамӣ  ва рушди энергетика аз нигоҳи  олимону муҳаққиқон”баргузор гардид.   Дар кор конференсия  вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Ҷумъа Далер, академики АМИТ Улмас Мирсаидов ва дигар меҳмонон  иштирок ва суханронӣ намуданд.Ҳадаф аз баргузории конференсия рушди малакаву маҳорат ва ташаббуси донишҷӯён, магистрон ва аспирантҳо , ки азхудкунии касбу ихтисосҳо дар соҳаи энергетитка, фаъолияти омӯзгорию тадқиқотӣ ва эҷодиёти илмию техникӣ буда инчунин барқарор намудани робитаҳои эҷодӣ, табодули таҷриба ва рушди навовариро низ дар бар мегирад.

     Нахуст иштирокчиёни конференсия аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии устодону донишҷӯёни Донишкада дидан намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкада   доктори илмҳои тенхникӣ, дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ оғоз ёфт. Муҳтарам ректор иштирокдорони конференсияро хайра мақдам гуфта  зикр  намуданд, ки  хеле рамзист чун имсол багузории конференсия ба Ҷашни 20-солагии таъсисёбии Донишкадаамон рост омад. “20-сол пеш бо зарурати эҳтиёҷот ба  мутахассисони болаёқати соҳаи энергетика бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат 03-майи соли 2006, №211 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар муддати 20-сол Донишкада тавонист аз вазифаи ба  ҳадафгузошта бо сарбаландӣ барояд. Дар ин муддат зиёда аз 5000 мутахассисони варзида тайёр карда шуд, ки  ҳамагӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷаги халқи кишвар садоқатмандона заҳмат мекунанд.  Дар айни замон Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон муассисаи  таҳсилоти олии техникии пешрафтаи ҷумҳурӣ мебошад, ки эътибори он на танҳо дар ҷумҳурӣ , балки дар байни зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии  касбии кишварҳои  хориҷ низ маълум аст. Вобаста ба ин  аз эҳтироми хоса  ва таваҷҷуҳи ҳамагон ба кори конференсияи байналмилалии Донишкада, ки ба тариқи ҳузурию маҷозӣ  баргузор мегардад, сипосгузорем. Ба кори конференсия олимон ва магистрантони муассисаҳои олӣ аз Ҷумҳурии Беларус, Русия Қазоқистон, ва Ӯзбекистон мақолаҳои илмии худро пешниҳод  намудаанд. Чун анъана  ба конференсия 82 мақолаҳои илмӣ ворид шудаанд ва ин аз он далолат медиҳад, ки гузаронидани чунин чорабинӣ муҳим ва зарурист.Инчунин  қайд намуданд , ки Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон равобити илмию таҷрибавии худро бо 50 муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.

             Ректори Донишкада бори дигар меҳмононро хайра мақдам гуфта қайд намуданд, ки бигузор Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки дар он конференсияи имрӯза баргузор гардида истодааст , макони ҳамкориҳои ҷолиб ва самаранок дар оянда  гардад.Боварии комил дорем, ки натиҷаҳои конференсияи мазкур ба нафъи иштирокчиён буда , ҳамзамон тавсияҳои пешниҳодгардида минбаъд истифодаи амалии худро дар соҳаҳои дахлдор хоҳанд ёфт.  Ба иштирокчиёни конференсия бурдборӣ, дастовардҳои нави илмӣ, муоширатҳои ҷолиби назар ва ноил гаштан ба  муносибатҳои дӯстонаю касбӣ таманно  намуданд.

         Сипас қисмати пленарии конференсия шуруъ гардид ва як қатор олимон тариқи маҷозию ҳузурӣ  бо  маърузаҳои пурмазмун ва муфид баромад  намуданд. Баъдан конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод.Бояд қайд намуд,ки ба кори конференсия  82 мақола аз муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар ворид гардидааст

     Ёдовар мешавем, ки  муҳаққиқону олимон аз Ҷумҳурии Узбекистон,Ҷумҳурии Беларус ва Русия  тариқи ҳузурӣ ва  маҷозӣ (онлайн)  дар кори конфнренсия ширкат варзиданд.

  Дар охири қисмати пленарӣ чанд тан аз омӯзгорону устодони Донишкада бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии “Аълочии Энергетика” сарфароз гардонида шуданд.

Scroll to Top