Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ бо як монеаи асосӣ — норасоии мутахассисони баландихтисос рӯ ба рӯ мебошад. Ин масъала мавзӯи марказии ҷаласаи панелӣ гардид, ки онро Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) дар ҳамкорӣ бо ОБСЕ, GIZ ва шарикон дар доираи Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (CACCC-2026) баргузор намуд.
Ҷаласаи «Рушди иқтидори кадрӣ ва ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ барои пешбурди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» 23 апрели соли 2026 аз соати 09:00 то 10:45 дар меҳмонхонаи Hilton Astana (толори «Иртыш») баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, донишгоҳҳо, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро ба ҳам овард.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, соҳаи энергетикаи барқароршаванда босуръат рушд мекунад: соли 2023 дар ин бахш 16,2 млн нафар машғули кор буданд, ки нисбат ба соли гузашта 2,5 млн нафар зиёд аст. Аз ин шумора тақрибан 44% ҷойҳои корӣ ба энергетикаи офтобӣ рост меояд. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои барқароршаванда дар тавлиди ҷаҳонии энергия ба 43% мерасад.
Дар ин замина, кишварҳои Осиёи Марказӣ ният доранд то 8 ГВт иқтидори нави энергетикаи офтобӣ ва бодиро ба истифода диҳанд. Аммо суръати рушди соҳа аллакай аз имкониятҳои низоми таҳсилот ва омодасозии мутахассисон пеш гузаштааст.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён баррасӣ намуданд, ки дар солҳои наздик кадом салоҳиятҳо бештар талабот доранд, чӣ гуна барномаҳои таълимиро ба талаботи воқеии бозор мутобиқ кардан мумкин аст, чӣ тавр омодасозии амалии мутахассисонро тақвият бахшидан ва ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳаракати академиро рушд додан зарур аст. Ба нақши бахши хусусӣ дар тайёр намудани кадрҳо ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо диққати махсус дода шуд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими интизоршаванда имзои ёддоштҳои тафоҳум байни донишгоҳҳои техникии Осиёи Марказӣ ва РЭЦЦА мебошад. Ин иқдом замина барои рушди низоми минтақавии тайёр намудани кадрҳо, таҳқиқоти муштарак ва ҳамкории устувори академиро фароҳам меорад.
Директори иҷроияи РЭЦЦА Батыр Мамедов қайд намуд:
«Гузариш ба энергетикаи тоза на танҳо технология ва сармоягузорӣ аст. Пеш аз ҳама, ин мутахассисоне мебошанд, ки қодиранд системаҳои энергетикии ояндаро тарҳрезӣ, бунёд ва хизматрасонӣ намоянд. Мо дорои иқтидори бузурги энергетикаи офтобӣ ва бодӣ ҳастем ва вазифаи асосии мо ин аст, ки заминаи ҳамкории минтақавиро фароҳам оварем, то ширкатҳо ва донишгоҳҳо бо як забон сухан гӯянд».
Ин чорабинӣ ба як платформа барои таҳияи қарорҳои амалӣ табдил меёбад, ки метавонанд дар 12–18 моҳи наздик татбиқ шаванд ва ба рушди амнияти энергетикӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани устувории минтақа ба тағйирёбии иқлим мусоидат намоянд.
Ҷаласа дар доираи ҳамкории ташаббуси ОБСЕ–РЭЦЦА (RTEET), лоиҳаи минтақавии GIZ «Малакаҳои сабз барои иқтисоди сабз дар Осиёи Марказӣ (PROGRESS)» ва барномаи Иттиҳоди Аврупо–GIZ «EU4SustainableCentralAsia: энергетикаи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ (EURECA)» баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Исозода Диловаршоҳ Тариқ иштирок намуда, оид ба масъалаи норасоии кадрҳои соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия суханронӣ кард ва мавқеи Донишкадаро дар ин самт баён намуд.
Бо анҷом ёфтани семинар, ректори ДЭТ ва намояндагони Маркази экологии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ёддошти тафоҳумро оид ба ҷорӣ намудани курси нави таълимӣ дар Донишкада, ки ба самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия тааллуқ дорад, ба имзо расониданд.


