
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти мамлакат аз дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар дар замони 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гашта, қайд намуданд, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани соҳаи маориф андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои муосири баланд бадоштани сифати таълиму тарбия, касбомӯзии ҷавонон, омӯзиш ва татбиқи техникаву технологияи муосир ва густариши зеҳни сунъӣ, навоварӣ, ихтирокорӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадаму самарабахши тарбия, таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав ва бо технологияҳои муосир таҷҳизонидани синфхонаву озмоишгоҳҳо, рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ, такмили омӯзиши фанҳои ғайриихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандиву ифтихор иброз намуданд, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад. Инчунин қайд намуданд, ки дар шароити кунунӣ на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ мо кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат хулосабарории ҷиддӣ намуда, чиҳати боз ҳам бештар ва содиқона хизмат намудан ба ин Ватанро сармашқи кори худ намоем ва вазифаи асосӣ ва муҳими худ, яъне ба тарбияи инсони комил, ки ояндаи Тоҷикистон азизи мо аз ин алоқамандии зич дорад, муваффақ шавем.
МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТ ВА МАТБУОТИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН.


