Дар навиштаҳои пешин тавзеҳ намудем, ки хурофот решаҳои амиқ дар фарҳанги башарӣ дорад ва зуҳури он ба даврони ибтидоии рӯзгори башар пайваст аст. Он замон ки ҳанӯз башар дар баробари ҳаводиси табиӣ огоҳиву маърифати чандоне надошт ва барояш он ҳама муъҷизаосову тарсовар манзур мешуд. Инсони онрузӣ ночор бо тахаюлоти хеш дар пайи маънӣ бахшидан ба он ҳаводиси даҳшатнок ва муҳлику кушанда буданд. Боястӣ ба онҳо маъние диҳанд то худро оромиш бахшанд ва аз ваҳшату паёмади он худро дилхуш намоянд.
Ин ҳама барои он буд, ки то аз ин тариқ ба зиндигие, ки аз дарку фаҳмашон оҷиз будаанд, маънӣ ва мафҳуми дилхоҳе диҳанд, ба ин васила нигарониҳои хешро дар баробари ҳаводис азёд баранд ва ба дуруғ ҳам ки бошад дилтангиашонро ба посухҳои бофтаи дилхушкунанда табдил диҳанд.
Хуб барои дунёи куҳани башар фаҳмиданист, ки инсонҳоро нодониву ноогоҳӣ ва тарсуиву нигаронӣ муҷиб шудааст, то суратакҳои зеҳниеро дар шакли ритуалҳо ва ҷодуву боварҳо барои оромиши худ халқ созанд Аммо як саволе, ки матраҳ аст ин аст, ки чаро бо вуҷуди тавсеаи илму дониш ва исботи нодурустии боварҳои зеҳнӣ дину ҷоду ин бозмондаҳои давраи торики таърих ба бақо ва давоми худ идома доданд ва медиҳанд, чаро инсони имрӯзӣ бо ҳама ин таҳаввулоти чашмгире, ки дар сатҳи огоҳиву шинохти илмӣ аз ҳаводису падидаҳо дорад, ҳанӯз дунболаи боварҳои хурофотист?
Вақте ба умқи ин масъала таваҷҷуҳ мекунем, равшан мешавад, ки дар ҷараёни гузари башар аз ҷомеаи бадавӣ ба ҷомеаи навин агарчанде ба иддае аз суолоти рӯзгор башар перомуни ҳаводису падидаҳо ҷавобҳои қонеъкунандае дарёфт намуд ва роҳҳои ҳали мушкили зиндагии хешро саҳлу содда намуд – вале то ҳануз ҳам мушкили вуҷудии табиву иҷтимоии инсон зиёд аст, ҳануз ҳам мавҷуди осебпазир аст, ин аст, ки ҳануз иддае аз суолот посухи хешро надоранд ва махсусан масоили маргу зиндагӣ ва будан набудан.Дар ҷомеи муосири инсонӣ дар баробари донишу огоҳии илмӣ хатароти табииву иҷтимоӣ ва техногениву антропогение ба вуҷуд омадаанд. ки тарсу нигарониҳои инсониро афзудаанд Ҳамчунин масоиле аз нобаробариву табақотиву иҷтимоӣ, сиёсатҳои хашину зиддиинсонӣ ва таъсири он рӯи андешаҳо ва тарзи тафаккури инсонӣ таъсир гузоранд. Инҳо мушкилотеанд, ки дар баробарашон то ҳол тарсу нигаронии инсонҳо кам нашуд ва дардҳои вуҷудии инсонҳо давову дармон наёфт. Ин буд, ки бо тавсеаи ҷомеа ва тавсеаи илмии дониши имрӯзӣ хурофоту боварҳо ба унвони маводи таскиндиҳанда ва мухаддири тарсу нигаронӣ ва ҳамчун маводи оромбахши дардҳо ва ғамҳои вуҷудии инсонҳои давраҳои ахир боз ҳам бозтавлид шуданд. Дар ин росто, расонаҳои ҷамъиву ахбори умум дар ташаккули тарзи андешаи мардумон низ таъсир гузоранд. Ин расонаҳо низ вобаста ба он ки кадомин навъи ахборро ба мурдумон талқин мекунанд, тарзи андеша ва қолаби тафаккури онҳро низ шакл медиҳанд.Ҳамин аст, ки ҳукуматҳо ва гуруҳҳои муаяни сиёсӣ вобаста аз манофеъашон дар пайи густариши ин навъи боварҳо тавассути расонаҳои гуруҳӣ нақш бозидаанд.
Омили дигаре ки дар тавсеаи хурофзадагиву бовармандӣ таъсиргузор будааст ин ба воситаи тавсеа бахшидани манфиат ва баҳракашии гуруҳҳо ва давлатҳо табдил ёфтани табақаҳои иҷтимоӣ ва кишварҳои боваманд будааст, ки ин бовар ба навъи сиёсат табдил ёфтааст.
Хурофаандешиву бовармандӣ барои гуруҳҳои баҳракаш инсони сарнавиштандеши ғуломтафаккуреро ба вуҷуд меоварад, ки он ҳамеша дар андешаи он аст, ки сарнавишт ӯро чунин тарроҳӣ намудааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҷиҳати тағйир додани хеш мубориза намебарад.Гумон меварзад, ки қавонин ҳастӣ чунин аст ва тағир кардани чизе ба ӯ вобастагӣ надорад. Аз ин ки боясти барои зиндагии нақди хеш мубориза барад, имкону дониши хешро сарфи ҷаҳони дигари дар бовараш буда сарф менамояд.
Саодату ворастагиро дар он меҷӯяд. Ин гуна мардумон барои кишварҳои истеъморӣ бисёр манфиатбахш ва қобили қабуланд, зеро онҳо ҳамчун қувваи арзони корӣ ва кишварҳояшон ҳамчун манбаъи ашёи хом истифода мешавад.Ҳамин гуна манфиатбахшии хурофазадагиву бовармандӣ сабаб гаодидааст, ки ин ҷараён ҳамзамон бо дахолати ҳамаи ононе, ки бо истифода аз хурофоту бовармандӣ мардумону миллатҳоро мавриди баҳракашӣ қарор дода ва медиҳанд шаклу тасвирҳо ва тавсфҳои нав гирифта, ба зуҳури давлатҳо ва кишварҳову сиёсатҳои бовармеҳвар ба муносибати истеъмори нави ҷаҳонӣ дар ҳам омехтаанд. Дар ин навъи ҷомеа ва кишварҳо донишҳои илмӣ ва олимону донишмандон ва ниҳодҳои марбут ба онҳо ҷойгоҳи чандоне надоранд, баръакс гуруҳҳои хурофапарокан ва сиёсатҳои тавсеъаёфта дар ин ҷомеаҳо бовармеҳвар ва хурофотианд.
Ин ҳама баёнгари он аст ки хурофазадагиву бовармандӣ дар замонҳои имрӯзӣ низ ба хотири давоми ниёзҳои инсони имрӯзӣ барои раҳоӣ аз танҳоӣ, тарс, яъс ва ноумедии вуҷудиву иҷтимоиашон давом овардааст. Инсонҳои имрӯзӣ низ барои дарёфти посухҳои гулзананда ва дилхушкунанда, вале ғайри мантиқӣ ва ғайри воқеъӣ ба саволҳои бепосухи вуҷудиаш ба боварҳову хурофот ва иддаоҳои нодурусту ғайриақлониашон рӯ меоваранд. Мебинем, ки ин ҳамон коре аст, ки масрафи доруҳои мусакин, нушобаҳои мастиовари алкулӣ ва анвои маводи мухаддир ҳам анҷом медиҳанд.
Ҳарчанд дастовардҳои илмӣ собит рушан месозанд, ки хурофот ва бовармандӣ бо тамоми иддаоҳо ва устураҳояш, ҷуз ба дасти инсон сохта ва пардохта нашудаанд. Яъне башари имрӯзӣ на фақат ҳеҷ далели айнӣ ва мантиқии ба исбот расида дар мавриди боварҳои хурофиаш надорад, балки ҳамаи далелҳои илмӣ- таърихӣ нишон медиҳанд, ки ин ҳама боварҳо ба дасти худи инсонҳо сохта шудаанд, то барои ниёзҳои руҳиву равонӣ ва иҷтимоии сохтаву пардохтаашон посух гӯянд. Нишон медиҳад, ки инсони имрӯзӣ низ худро аз назари вуҷудӣ танҳо ва дорои мушкилӣ ҳис мекунад ва аз нигаронии фардо ранҷ мебарад. Аз ин рӯ тариқи иддаоҳои дурӯғини хурофотиву боварманди гузашта ояндаи зеҳнии дилхушкунаке барои худ эҷод мекунад ва ба ин восита дар кутоҳмуддат ба тарсҳо ва изтиробҳои худ пирӯз меояд ва ба таври зеҳнӣ худро дар роҳ ва масири мантиқиву ҳадафдор ҳис мекунад. Табиӣ аст, ки инсони имрӯзӣ ба хотири наёфтани посухҳои қонеъкунанда ба саволҳои вуҷудиаш ҳам беш аз инсонҳои ибтидоӣ сардаргум ва саросема аст, ҳам барои раҳоӣ аз ин сардаргумиҳояш беш аз инсонҳои ҷомеаи бадавӣ ба бовармандиву қиссаҳои сохтагии он ниёз пайдо карда ва паноҳ мебарад.
Инсонҳои бузургшаҳрҳои имрӯзӣ ҳам монанди аҷдоди аввалиашон роҳе намеёбанд, ҷуз он ки монанди ғариқе, ки ба ҳар хору хошок меовезанд. Барои раҳоӣ аз фикру андешаи танҳоӣ дар ин ғори торику бе дару тирезаи зиндагӣ ба хурофот ва боварҳои зеҳние, ки худаш эҷод кардааст, онҳоро сохтаву пардохтааст, паноҳ мебарад. Ба ин васила ба ниёзҳои худ барои дастёбӣ ба оромиши вуҷудӣ посухи муваққатӣ меёбад.
Ин ниёзҳо дар замоне, ки аз илму дониши имрӯзӣ хабаре набуд, ба шакли суратакҳои зеҳние, ки серӣ ва гуруснагӣ, саломату бемории инсонҳоро рақам мезаданд, зоҳир мешуданд. Вале баъдҳо ҳар чи илму донши башар ривоҷ ёфт ва ҳар чи буду набуди инсон аз хатари гуруснагӣ раҳо шуд, ба ҳамон андоза эҳсоси таҳдиду танҳоии айнии инсон дар ҷангалҳо ва ғорҳо ҷойи худро ба эҳсосу таҳдид ва танҳоии вуҷудӣ дар шаҳрҳои мудерни имрӯза додааст. Бо ин ки инсонҳо аз назари фанноварӣ хеле беҳтар аз гузаштагони худ ба сар мебаранд,вале то ҳанӯз онҳо эҳсоси танҳоӣ доранд, эҳсоси тарс аз фардо ва чигуна шакл гирифтан воқеияте, ки дар интизори онҳост. Яъне ҳар қадар дар ҷомеа мушкил зиёдтар бошад ва нигаронии мардум бештар мегардад, ҳар қадар онҳо аз роҳи ақливу воқеӣ натавонанд мушкилро ҳал кунанд, онҳо рӯ ба тахаюл, рӯ ба бофтаҳои зеҳниву хурофот меоваранд.
Гоҳо дар ҷомеа ба нафароне дучор меоем, ки таҳсилкардаву зиёӣ ба назар мерасанд, вале амалкардаҳояшон соддаву хурофотӣ ва аз бовармандиашон маншаъ мегирад. Ҳатто дарсхондаҳое, ки омодаанд ҷону молашонро дар роҳи ин бофтаҳои зеҳнии дур аз далелҳои мантиқи илмӣ ва фалсафӣ фидо кунанд, ба назар мерасад. Ин нафарон аслан касонеанд, ки натавонистаанд аз роҳҳои ақлии озмудашуда ба ҳадафҳои хеш бирасанд. Ин далели он аст, ки ин нафарон ба шиддат ниёзманданд.
Мушкилоти иҷтимоӣ ва равонӣ доранд. Ба шиддат аз ниёзҳои рӯҳи ва равониашон ранҷ мебаранд. Ин ниёзҳо ҳамзамон ба василаи расонаҳои ҷамъӣ истеъморгарони гуногун ба шиддат доман зада мешаванд ва дар ин шароит инсонҳое, ки ниёзҳояшон ба шиддат таҳрик шуда, барои ҷуброни ниёзҳояшон ҳеҷ алтернативае ҷуз пазириши ин иддаоҳои дуруғини таблиғ ва боддода шудае намеёбанд.
Баррасиҳои иҷтимоии мавҷуд нишон медиҳад, ки имрӯз бисёриҳо иттилоъ доранд, ки ҳама он чи аз боварҳояшон маншаъ гирифта,чизе ҷуз бозмондаҳои устураҳо ва ваҳмҳои таърихии башар нестанд. Ин иддаоҳояшон на фақат ба воқеъиятҳои мавҷуд ҳамсон нестанду сиҳат надоранд, балки ҳатто ба ҳар гуна илму мантиқи имрӯзӣ бегонаанд. Вале агарчи дар зеҳн ин ҳақиқатро пазиранд ҳам, вале аз баёни он ва эътирофаш тарс доранд. Ин ҳолат аз чанд вижагӣ бармеояд: иддаи бисёре тавони бурридани тому тамом аз одатҳои таърихиву фарҳангии(ин одатҳо метавонанд ҷузъе аз боварҳо ва хурофот буда бошанд) худро надоранд ва гумон меварзанд бо дигар кардани ин одат асолат ва ҳуввияти хешро аз даст хоҳанд дод, ҳамин аст ки онҳо сахт пойбанди сунатҳоянд;
бисёре тавони буридан аз тарафи хурофазадаву бовармандии худро надоранд, зеро аз он манфиати молиявию иқтисодӣ доранд ва аз онҳо ҳамчун дукони тиҷоратӣ истифода менамоянд; Ва бисёре ҳам худро таҳти нуфузи арбобони диние мебинанд, ки барои ба курсӣ нишондани иддаоҳои ғайриилмиву ғайримантиқиашон ба ҳар кори мумкине, ки тарсу таҳдидро бар фикру зикри диндорон ва тудаҳои истисмор шудаашон ҳоким созад, даст мезананд, яъне ин гурӯҳ манофеъи сиёсӣ доранд.
Ин аст, ки ҳар чи муҷозоти инҷаҳониву он ҷаҳонии бовармандон тарсовартар ва тасвири ҷаҳаннами хаёлиашон ҳавлноку ваҳшатноктар инъикос мешавад, теъдоди ҳаводоронашон бештар ва таассуби диниашон амиқтару побарҷотар аст.
Ин сабабҳо тавзеҳ медиҳанд, ки чаро бисёре аз мардуми дарсхондаи имрӯзӣ на фақат аз рӯи тарсу нодонӣ ва бехабарӣ, балки ҳамчунин ба сабаби ниёзҳояшон ба таскину тахдири иддаоҳои бовармандиву хурофотӣ ба таври огоҳона ба иддаоҳои нодуруст ғайриилмӣ ва ғайримантиқии адён гардан мениҳанд.
Худро огоҳона ва ба чашмони боз таслими иддаоҳои боварманду хурофотие мекунанд, ки аз нодуруст буданашон хабар дорад. Худро бо ҳушёрии том аз ҳаққи табиии савол кардан, фаҳмидан, дарк кардан ва қазоват кардан дар корҳои диниву днявӣ маҳрум месозанд. То чикор бикунад? То дар муқобили ин баҳои сангине, ки огоҳона ва довталабона мепардозанд, барои лаҳзае ҳамкишуда ба иддаоҳои зеҳнии тахаюлӣ ба дилхушии дурӯғине бирасанд. То бо росту дуруст ангоштани иддаоҳое, ки худ ба дурӯғин буданашон воқифанд, худро аз маҷмуъи пурсишҳои вуҷудиву иҷтимоие, ки озорашон медиҳанд, наҷот бидиҳанд.
Дар воқеъ энергияи манфии ин саволҳои бепосухи вуҷудӣ дар мавриди зиндагию марг ва будану набудани ғайри қобили тавҷеҳ ба қадри зиёд, амиқ, тавонманд, озордиҳанда ва дардовар аст, ки бисёре барои раҳоӣ аз он қиссаҳои кӯдакона ва ғайримантиқии бовармандиву хурофотиро ҳамчун маводи мухаддире, ки ононро барои лаҳзае аз фишорҳои воқеъиятҳои сангини мавҷуд мераҳонад, ба ҷон мехаранд. Ин ҳам аз мағзҳое маншаъ мегирад, ки тарсуянд хурофотро бар воқеият тарҷеҳ медиҳанд ва худро ором месозанд.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа